Ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи ИА

Date:


Ширкати нави ҳавопаймоии дар Тоҷикистон амалкунанда – «Asian Express Airline» дар рӯйхати ширкатҳое пайдо шуд, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор доранд.

«Asian Express Airline» ҳамчун ширкати мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ Бобак Занҷонӣ зикр мешавад. Дар ин рӯйхат тиҷоратҳои дигари соҳибкори эронӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ зикр мегардад. Тамоми тиҷорати соҳибкори бузурги эронӣ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ИА ба «рӯйхати сиёҳ» ворид гардида буд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» Сӯҳроб Оймаҳмадов дар ин робита изҳор намуд, ки ин ширкат ба Бобак Занҷонӣ ва тиҷорати ӯ ҳеҷ муносибате надорад.

Ба қавли ӯ, сабаби ба «рӯйхати сиёҳ»-и ИА шоимл гардидани ширкат ба ӯ маълум нест, зеро ширкат маҳз ҳавопаймоҳои истеҳсоли аврупоии Airbus А320 харидорӣ намуда, ахири соли гузашта ду адади он ба Душанбе оварда шудаанд ва дигар ҳавопаймоҳоро ҳам ширкат аз Аврупо дастрас хоҳад кард. «Дар робита ба ҷаноби Занҷонӣ бошад, ҳимоягтарони ӯ баҳри хориҷ кардани тиҷорати ӯ аз «рӯйхати сиёҳ» талош хоҳанд варзид, зеро таҳримҳои ИА нисбати ӯ беасос аст», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба Сарраёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» хусусӣ буда, ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои Ғарбро ба Душанбе интиқол додааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...