Баррасии дурнамои ҳамкориҳои молиявии Тоҷикистону БҶ

Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари баронмаи рушди энергетика дар Осиёи Марказӣ Сунил Хусла мулоқот орост. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар бахшҳо табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо ба масоили […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари баронмаи рушди энергетика дар Осиёи Марказӣ Сунил Хусла мулоқот орост.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар бахшҳо табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба масоили рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000 ва ҳамчунин дигар масоили рӯзмарра таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷараёни амалисозии барномаҳои пешбинишуда, расонидани кӯмаки техникиву молиявӣ ба Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ин самт низ баррасӣ шуданд.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар қисмати роҳандозии ислоҳот дар бахши молиявии Тоҷикистон, пешравиҳои зиёд ба даст оварда шуданд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ дар асоси созандагӣ густариш меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.