Амфитеатри Душанбе таҷдид мегардад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷдиду азнавсозии бинои амфитеатри пойтахт миёни корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ тендери кушод эълон кард. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, корхонаҳое, ки дар тендер хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд ба масъалаи таҳияи лоиҳае, ки дар он зиёд кардани ҷойи нишаст аз 1179 то 1368 ҷой пешбинӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷдиду азнавсозии бинои амфитеатри пойтахт миёни корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ тендери кушод эълон кард.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, корхонаҳое, ки дар тендер хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд ба масъалаи таҳияи лоиҳае, ки дар он зиёд кардани ҷойи нишаст аз 1179 то 1368 ҷой пешбинӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Дар ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозӣ барои ҳунармандон ҳуҷраҳо бунёд гардида, низоми таҷҳизотҳои равшанидиҳанда, танзиму пахши овоз ва таъмини қабати акустикӣ дар деворҳои дохили бино пурра нав карда мешаванд.

«Мувофиқи шартҳои тендер, боми амфитеатр бояд пушӣда шуда, дар толор курсиҳои мулоим ҷойгир карда шаванд ва низоми гармидиҳиву ҳавотозакунӣ доимо амал намуда, пас аз анҷоми корҳои таҷдид, амфитеатр натанҳо дар мавсими тобистону тирамоҳ, балки бояд тамоми муддати сол фаъолият дошта бошад», – гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки тендер то 31-уми март идома ёфта, натиҷаҳои он на дертар аз 6-уми апрел ҷамъбаст хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.