ҲНИТ Русияро ба дӯстӣ даъват мекунад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки Русияро мебояд муносибати худ ба исломиёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба таври куллӣ бозбинӣ намояд. «Замоне фаро расидааст, ки гузаштаро мебояд ҳамчун як марҳилаи таърих арзёбӣ намуд ва тамоми лаҳзаҳои манфӣ дар муносибатҳои моро фаромӯш сохта, бо роҳандозии муносибатҳои мутақобилаи шарикона саҳифаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки Русияро мебояд муносибати худ ба исломиёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба таври куллӣ бозбинӣ намояд.

«Замоне фаро расидааст, ки гузаштаро мебояд ҳамчун як марҳилаи таърих арзёбӣ намуд ва тамоми лаҳзаҳои манфӣ дар муносибатҳои моро фаромӯш сохта, бо роҳандозии муносибатҳои мутақобилаи шарикона саҳифаҳои тозаро боз намуд», – иброз дошт М.Кабирӣ зимни суханронӣ дар вохӯрии навбатии Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар Душанбе.

Ба андешаи раиси ҲНИТ, дар муносибат бо исломи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пешвоёни рус то ҳанӯз таҳти таъсири таърихи дуасра қарор доранд.

«Дар давоми ду садсолаи сипаришуда тамоми амалҳои Русия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба мухолифат бо гурӯҳи диндорон марбут буда, баҳри худдорӣ аз низоъ бо русҳо қишрҳои дигари аҳолӣ аз иштирок дар ин мухолифатҳо маъмулан худдорӣ меварзиданд», – зикр кард ӯ.

Дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ таъкид дошт, ки дар симои гурӯҳҳои динии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пешвоёни рус то ҳол душманонро дида, муносибат бо онҳо ҳамеша манфӣ боқӣ мемонад.

«Дар ҳамин ҳол, муносибати Русия бо намояндагони ҳаракату созмонҳои динии дигар манотиқи дунё тамоман дигар аст ва дар муносибат бо исломиёни Осиёи Марказиву Қафқоз чунин муносибат эҳсос намегардад ва ҳатто як амали хурдтарини гурӯҳҳои исломгарои минтақаҳои моро мақомоти раҳбарии Русия бо эҳсосоти зиёде қабул мекунад», – баён кард вай.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки тайи панҷ соли ахир миёни пешвоёни сиёсии Русия нигоҳҳои воқеъгароёна нисбати исломи пасошӯравӣ пайдо шуда истодаанд. «Онҳо (русҳо) аллакай худашон дарк карда истодаанд, ки аз ин қолибҳои кӯҳна мебояд даст кашид ва бо мусулмонони минтақаи мо муносибатҳои навро ҷорӣ намуд. Ин рӯҳия миёни пешвоёни Русия рӯз то рӯз возеҳтарсадо медиҳад», – афзуд М.Кабирӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.