Манзили дуҳуҷрагии шаҳрдори пойтахт ба шаҳрванди 8-миллионум

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба волидони Сумайя – шаҳрванди хаштмиллионаи Тоҷикистон, ки 5-уми феврал дар таваллудхонаи раками 3-и пойтахт ба дунё омад , дар кӯчаи ба номи Федини пойтахт хонаи дуҳуҷрадор туҳфа кард. Тавре Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси пойтахт иттилоъ дод, майдони умумии манзили истиқоматии мазкур 60,2 метри мураббаъ буда, он дар ошёнаи […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба волидони Сумайя – шаҳрванди хаштмиллионаи Тоҷикистон, ки 5-уми феврал дар таваллудхонаи раками 3-и пойтахт

ба дунё омад

, дар кӯчаи ба номи Федини пойтахт хонаи дуҳуҷрадор туҳфа кард.

Тавре Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси пойтахт иттилоъ дод, майдони умумии манзили истиқоматии мазкур 60,2 метри мураббаъ буда, он дар ошёнаи якуми бинои баландошёнаи маҳаллаи 83-юми пойтахт воқеъ аст.

«Илова бар ин, раиси шаҳр супориш дод, ки ба номи шаҳрванди ҳаштмиллионаи ҷумҳурӣ дар «Амонатбонк» суратҳисоб кушода шуда, ба сифати кӯмаки якдавраина 8 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба Раёсати тандурустии пойтахт супориш додааст, ки барои назорати вазъи саломатии шаҳрванди ҳаштмиллионуми ҷумҳурӣ табиби доимӣ муайян намояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.