Хуҷанд: Як зан ҳамманзили худро ба қатл расонид

Дар шаҳри Хуҷанд як зан ҳамхонаашро ба қатл расонид. Ҷасади сокини 48-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Василий Бегачёв рӯзи 24-уми феврал дар манзилаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷиноят […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд як зан ҳамхонаашро ба қатл расонид. Ҷасади сокини 48-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Василий Бегачёв рӯзи 24-уми феврал дар манзилаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷиноят аз ҷониби ҳамхонаи ӯ – сокини 44-солаи шаҳри Қайроққум Марина Шайхулина содир карда шудааст.

«В.Бегачёв дар ҳолати мастӣ бо дӯстдоштаи худ ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб мекунад. Сипас М.Шайхулина бо корди хоҷагӣ ба қафаси синаи ҳамхонааш зарба мезанад, ки дар натиҷа мард ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, далели шайъӣ дарёфту мусодира ва аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, 38 ҳодисаи куштор (соли 2011 – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.