Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибон ва муҳаққиқони бахши адабиётшиносӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ озмун эълон кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, давраи интихобии озмун ба итмом расида, имрӯз раёсат номинант (довталабони)-и озмунро эълон хоҳад кард ва сипас то моҳи сентябри соли ҷорӣ асарҳои тайи солҳои 2011-2012 нашршудаи адибону муҳаққиқон дар васоити ахбори умум мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд. «Асарҳоро ҳамчунин коршиносону мунаққидони адабӣ низ мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, тақризҳои онҳо дар ВАО ба чоп хоҳад расид», – гуфтанд дар ИНТ.
Ба иттилои манбаъ, ба даври интихобии озмун ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ», нашриёти «Адиб» ва шуъбаҳои Иттифоқи нависандагон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ номзадҳои худро пешниҳод намуда, шумори мушаххаси довталабон ҳанӯз маълум нест.
Қобили зикр аст, ки ба адибону муҳаққиқони ба ҷоизаи мазкур соҳибгардида Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон диплом ва 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ тақдим мекунад. Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шуда буд.



