Оғози озмун барои дарёфти ҷоизаи ба номи С.Айнӣ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибон ва муҳаққиқони бахши адабиётшиносӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ озмун эълон кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, давраи интихобии озмун ба итмом расида, имрӯз раёсат номинант (довталабони)-и озмунро эълон хоҳад кард ва сипас то моҳи сентябри соли ҷорӣ асарҳои тайи солҳои 2011-2012 нашршудаи […]

Маҳпора Киромова


Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибон ва муҳаққиқони бахши адабиётшиносӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ озмун эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, давраи интихобии озмун ба итмом расида, имрӯз раёсат номинант (довталабони)-и озмунро эълон хоҳад кард ва сипас то моҳи сентябри соли ҷорӣ асарҳои тайи солҳои 2011-2012 нашршудаи адибону муҳаққиқон дар васоити ахбори умум мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд. «Асарҳоро ҳамчунин коршиносону мунаққидони адабӣ низ мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, тақризҳои онҳо дар ВАО ба чоп хоҳад расид», – гуфтанд дар ИНТ.

Ба иттилои манбаъ, ба даври интихобии озмун ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ», нашриёти «Адиб» ва шуъбаҳои Иттифоқи нависандагон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ номзадҳои худро пешниҳод намуда, шумори мушаххаси довталабон ҳанӯз маълум нест.

Қобили зикр аст, ки ба адибону муҳаққиқони ба ҷоизаи мазкур соҳибгардида Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон диплом ва 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ тақдим мекунад. Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.