Бобокалонов: Обанбори Роғун муддати 14 сол пур карда мешавад

Дар мусоҳиба ба радиои СММ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов изҳор намудааст, ки ҷараёни пур кардлани обанбори нерӯгоҳи Роғун дар муддати 14 сол амалӣ мегардад, ки он ба таъмини кишварҳои дигар бо об таъсир нахоҳад гузошт. Вазир зикр кардааст, ки Тоҷикистон обро дар обанбор дар як муддати муайян аз ҳисоби лимит ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар мусоҳиба ба радиои СММ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов изҳор намудааст, ки ҷараёни пур кардлани обанбори нерӯгоҳи Роғун дар муддати 14 сол амалӣ мегардад, ки он ба таъмини кишварҳои дигар бо об таъсир нахоҳад гузошт.

Вазир зикр кардааст, ки Тоҷикистон обро дар обанбор дар як муддати муайян аз ҳисоби лимит ва захираҳои худ ва ҳамчунин лоиҳаи пур кардани обанбори нерӯгоҳ ҷамоъоварӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин Бобокалонов таъкид доштааст, ки оби рӯдхонаи Вахш камтар аз сеяки ҳаҷми рӯдхонаи Амударёро ташкил медиҳад ва ҳатто он ҳам пурра баста намешавад. «Обанбор аз ҳамон қисмати ба Тоҷикистон муқарраршуда муддати якчанд сол тадриҷан пур гардида, тибқи технология низ якбора пур кардани обанбор ғайриимкон мебошад», – иброз доштааст вай.

Қаблан вазири мелиоратсия зикр карда буд, ки доир ба масоили марбут ба оби Амударёву Сирдарё миёни кишварҳои минтақа набояд ҳеҷ мушкилие вуҷуд дошта бошад, зеро Тоҷикистон минбаъд низ тамоми ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмини ҷоришавии маҷрои оби зарурӣ ба кишварҳои поёнобро ба иҷро хоҳад расонид.

Ахири моҳи январ вазир дар ҷамъи журналистон иттилоъ дода буд, ки бе ин ҳам Тоҷикистон ҳамасола то 1 млрд. метри мукааб оби ба кишвар ҷудошуда мувофиқи тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Аралро гирифта наметавонад.

«Аз ин рӯ, ба кишварҳои поёноб аз ҳаҷми муқаррарӣ зиёдтар об расида, инро ҳамтоҳои мо ҳам дар кишварҳои поёноб ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад. Имрӯзу оянда Тоҷикистон ҳамсояҳои худро бе об гузоштанӣ нест ва гузашта аз ин, бе об мондани онҳо имконнопазир аст, зеро он амалишаванда нест», – баён карда буд Бобокалонов.

Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон айни замон Бонки ҷаҳонӣ тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Роғунро мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.