Талаботи бақайдгирии дактилоскопӣ бекор карда шуд

Фармони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ» моҳи июли соли гузашта бекор карда шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фармони мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сохтакорӣ дар ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани […]

ASIA-Plus


Фармони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ» моҳи июли соли гузашта бекор карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фармони мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сохтакорӣ дар ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани шахсияти шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати паст кардани вазъи криминогенӣ дар ҷумҳурӣ, амалӣ намудани бақайдгирии ҳисоботи фаврӣ-маълумотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ содир шуда буд.

Дар иттилои нашршудаи вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки ин фармон ҳамчунин баҳри коркард, ба низом овардан, махфӣ нигоҳ доштан, додани онҳо барои истифода ба судҳо, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти таҳқиқ, мақомот оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебарад ва мақомоти фаъолияти системаи ҷиноию иҷроия нигаронида шуда буд.

Гуфта мешавад, бо сабаби иҷро гардидани мақсадҳои дар боло зикргардида, бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 26 феврали соли 2013 ин фармон аз эътибор соқит  дониста шуда, барои иҷро ба раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.