Машғулиятҳои бозомӯзӣ ҷиҳати эҳё ва рушди чавгонбозӣ

Бо мақсади эҳё ва рушди намуди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи ҳамбастагии олимпӣ аз таърихи 18 то 25-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба ин навъи бозии варзишӣ машғулиятҳои бозомӯзӣ доир гардид. Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар машғулият 36 нафар писарону духтарони машғул ба чавгонбозӣ дар […]

ASIA-Plus



Бо мақсади эҳё ва рушди намуди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи ҳамбастагии олимпӣ аз таърихи 18 то 25-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба ин навъи бозии варзишӣ машғулиятҳои бозомӯзӣ доир гардид.


Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар машғулият 36 нафар писарону духтарони машғул ба чавгонбозӣ дар кишвар ширкат варзиданд. «Бо роҳбарии мутахассиси покистонӣ Зоҳид Алӣ машғулиятҳо дар шакли назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифтанд», – иброз дошт вай.


Ба қавли ӯ, машғулиятҳои назариявӣ дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва машғулиятҳои амалӣ дар толори махсуси Донишкадаи тарбияи ҷисмони кишвар баргузор шуданд. «Дар анҷом ба иштирокдорон диплом ва мукофотҳои Кумитаи миллии олимпии ҶТ тақдим гардид», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.