ХМ: Ба 38 ҳазор нафар тоҷикистониён вуруд ба Русия манъ аст

Айни замон ба 38 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст. Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло дар ин робита гуфт, бинобар даст доштан дар қонуншиканиҳои маъмурӣ ва содир намудани ҷиноят, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ворид шудани ин шаҳрвандони тоҷик ба қаламрави кишварашро манъ кардааст. Ба […]

Маҳпора Киромова


Айни замон ба 38 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст.

Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло дар ин робита гуфт, бинобар даст доштан дар қонуншиканиҳои маъмурӣ ва содир намудани ҷиноят, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ворид шудани ин шаҳрвандони тоҷик ба қаламрави кишварашро манъ кардааст.

Ба эътиқоди вай, рӯйхати ин афрод дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии назди КДАМ ҶТ, фурудгоҳҳои кишвар ва дар Хадамоти муҳоҷират мавҷуданд ва шаҳрвандони тоҷикро пеш аз сафар мебояд ба ин сохторҳо муроҷиат кунанд.

Ба қавли ӯ, қаблан шаҳрвандони тоҷик пас аз истирдод аз Русия ному насаби худро тағйир дода боз ба он ҷо бармегаштанд, вале акнун тибқи тағйирот дар қонунгузории Русия, зимни истирдод пайи ангуштони онҳо сабт гардида, дар сурати бо ному насаби дигар ба Русия баргаштан, дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл ё ҳаҷми музди меҳнат ва даромади дигари маҳкумшуда дар муддати то 18 сол ҷаримабандӣ шуда ва ё ба муддати 4 сол ба корҳои маҷбурӣ водор ва ё ба муддати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Номбурда афзуд, аз оғози соли равон барои чунин қонуншиканӣ аллакай як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.