Омодагии Тоҷикистон ба ошкорсозии даромад аз захираҳои табиӣ

Ҷаласаи Раёсати байналмилалии Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷ чанде қабл дар Осло Тоҷикистонро ба номзадии ин созмон қабул кард. Бино ба иттилои Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, иштирокчии ҷаласаи раёсат, муовини вазири молияи Руҳулло Ҳакимов дар ин робита гуфтааст: “Дар Тоҷикистон беш аз 600 намуди фаъолияти соҳаи кӯҳканӣ аз қабили истихроҷи […]

ASIA-Plus


Ҷаласаи Раёсати байналмилалии Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷ чанде қабл дар Осло Тоҷикистонро ба номзадии ин созмон қабул кард.

Бино ба иттилои Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, иштирокчии ҷаласаи раёсат, муовини вазири молияи Руҳулло Ҳакимов дар ин робита гуфтааст:

“Дар Тоҷикистон беш аз 600 намуди фаъолияти соҳаи кӯҳканӣ аз қабили истихроҷи тилло, рӯҳ, алюминий ва ғайра бурда мешаванд. Шаффофияти захираҳоро таъмин карда, мо метавонем, гӯем, ки идораи захираҳои табиӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва ин имкон медиҳад, то ки сармоягузорон ҷалб карда шаванд. Кишвар мехоҳад, ки даромадашро аз захираҳои табиӣ ошкор кунад».

Ҳамчунин Тимуралӣ Авғонов, сардори идораи сиёсати буҷавии соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт:

“Шаҳрвандони Тоҷикистон ба масоили захираҳои табиӣ, хаҷми минералҳои истихроҷшуда, филизи қиматбаҳо ва ба ивази ин кадом барномаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ширкатҳо амалӣ мешаванд, имконияти санҷидани то кадом андоза аз ин даромадҳо барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт равона мешаванд, таваҷҷӯҳ мекунанд. ТШСИ барои баррасии масоили номбаршуда фазои мусоид фароҳам меорад, то ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ширкатҳо ва ҳукумат проблемаҳои мавҷударо дар шароити баробар муҳокима намоянд”.

Кишвари номзад барои мақоми узви созмони Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷро гирифтан бояд пардохтҳоро аз соҳаҳои истихроҷкунанда ошкор кунад ва тӯли 2,5 сол ба ҳамаи талаботи ТШСИ ҷавобгӯ бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.