Муаррифии ҳисоботи «Тоҷикистон: камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим»

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2012 таҳти увони «Тоҷикистон: камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2012 таҳти увони «Тоҷикистон: камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаи муштараки «Ҷорисозии консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод гардид.

«Мақсади асосии ин лоиҳа пешбурди консепсияи рушди инсонӣ дар тамоми сатҳҳо ва махсусан дар байни шахсоне мебошад, ки бевосита қарорро қабул мекунанд ва он ба ҳайси меъёри асосии муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хизмат мекунад», – омадааст дар иттилои вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар муаррифии Ҳисоботи миллӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Александр Зуев сухан ронда, аз ҳадафҳои стратегии ҳалли масъалаи камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим, ки боиси таъмини рушди устувор ва бехатари Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, ибрози назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби коршиносҳои миллӣ дар соҳаҳои макроиқтисодӣ ва камбизоатӣ, экология ва тағйири иқлим, масъалаҳои иҷтимоӣ ва баробарии гендерӣ, таҳлили оморӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.