Оғози фаъолияти агентии «Империяи кадрҳо» дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон агентии кадрии таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кории «Империяи кадрҳо» ба фаъолият оғоз намуд. То ин дам ба масъалаи таъминоти аҳолӣ бо ҷойи корӣ танҳо хадамоти шуғли назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарукор доштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷер оид ба кор бо мизоҷони агентии мазкур Шоҳрух Мирзоев иттилоъ дод, ширкат ду […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон агентии кадрии таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кории «Империяи кадрҳо» ба фаъолият оғоз намуд. То ин дам ба масъалаи таъминоти аҳолӣ бо ҷойи корӣ танҳо хадамоти шуғли назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарукор доштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷер оид ба кор бо мизоҷони агентии мазкур Шоҳрух Мирзоев иттилоъ дод, ширкат ду ҳафта қабл ба фаъолияти худ оғоз бахшида, аллакай бо корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот ва ширкатҳои дорусозӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. «Ҳамчунин ба мо муассисаҳои таълимӣ муроҷиат менамоянд, ки ба мушкилоти норасоии омӯзгорон дучоранд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Мирзоев, кор бо мизоҷ аз сабти шахси бекор бидуни назардошти соҳиби диплом будан ё набудани ӯ оғоз гардида, шарти асосӣ ба кор кардан хоҳиш доштани мизоҷ аст.

«Ҳангоме ки худи мо ба ӯ кор пайдо мекунем, аз музди меҳнати аввали ӯ 20% маблағ мегирем. Дар сурати ба агентӣ бевосита муроҷиат намудани корфармо 25% маблағ гирифта шуда, агар агентӣ ба корфармо хизматгузорӣ пешниҳод намояд, аз корфармо маблағ ситонида намешавад», – гуфт номбурда.

Ш. Мирзоев мегӯяд, мушкилоти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар он ифода меёбад, ки онҳо омодагии касбӣ надоранд ва сарфи назар аз доштани диплом, малакаҳои кориро соҳиб нестанд.

Ба санаи 1-уми феврали соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ беш аз 75 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 52,6 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Соли гузашта бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон 35 ҳазору 374 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,6 %-ро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин,  тавассути квотаи корӣ беш аз 2,7 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта зиёда аз 8,1 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 2 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.