Таҳияи маърӯзаи навбатии Омбудсмен оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи феврали соли равон Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) таҳия ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, дар Маърӯза фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон […]

ASIA-Plus


Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи феврали соли равон Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) таҳия ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, дар Маърӯза фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2012, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мавриди таҳлил қарор гирифта, дар он 93 тавсияҳои дахлдор барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳод гардидааст.

Дар Маърӯза инчунин, таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдодашуда доир ба барқарорсозии ҳуқуқҳои халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳҳои ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён шудаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторингҳои гузаронидашуда, инчунин иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод карда шудаанд.

Мақсади асосии Маърӯза ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, Маърӯза тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.

Маърӯза, ҳамчунин барои дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолиятдошта ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар шакли китоби алоҳида дар вақтҳои наздик бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба нашр мерасад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.