Афзоиши боҷи давлатӣ барои никоҳ бо хориҷиён

Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» маъқул шуморида шуд. Зимни пешниҳоду шарҳи тағйирот узви ММ МО ҶТ Саидмурод Тағоев изҳор кард, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» маъқул шуморида шуд.

Зимни пешниҳоду шарҳи тағйирот узви ММ МО ҶТ Саидмурод Тағоев изҳор кард, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар кишвар зиёд мешавад.

Ҳамин тариқ дар тағйирот афзоиши ҳаҷми боҷи давлатӣ барои додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, гирифтани ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт, расмиёти нотариалии баъзе ҳуҷчатҳо ва ҳамчунин сабти никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони кишварҳои дигар ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Тағоев, акнун шаҳрвандони кишвар барои додани ваколатномаи идораи воситаи нақлиёт ба ҷойи 40 сомонӣ 80 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, вале ин навоварӣ ба муомилоти миёни хешовандони наздик ба идора додани автомобил дахл нахоҳад дошт.

Ба қавли номбурда, ҳаҷми боҷи давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки хоҳиши дастрас намудани раводиди Тоҷикистонро доранд, ду маротиба афзуда, аз 80 сомонии имрӯза то 160 сомонӣ зиёд мешавад.

«Аз ин ба баъд барои сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба ивази 80 сомонии қаблӣ 200 сомонӣ боҷ ситонида хоҳад шуд», – афзуд Тағоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.