Дидори сафири Тоҷикистон дар Русия бо дипломатҳои Австралия ва Лаос

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сафири тозатаъини Австралия дар Русия Пол Эндрю Майлер мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар рафти вохӯрӣ атрофи сиёсат, иқтисод ва робитаҳои ду кишвар табодули назар сурат гирифт. Зимнан, сатҳи хуби тамосу ҳамкории дуҷониба, ба вежа, миёни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, таъкид […]

Аваз Юлдошев


Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сафири тозатаъини Австралия дар Русия Пол Эндрю Майлер мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар рафти вохӯрӣ атрофи сиёсат, иқтисод ва робитаҳои ду кишвар табодули назар сурат гирифт. Зимнан, сатҳи хуби тамосу ҳамкории дуҷониба, ба вежа, миёни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, таъкид гардид.

Ба иттилои манбаъ,ҳамчунинр Абдулмаҷид Достиев ҳамтои лаосии худ – сафири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос дар Русия Тхиенг Буфаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Ҳангоми мулоқот вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар  Тоҷикистону Лаос ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Сафири Лаос зимни суҳбат аз нишасти минтақавии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёву Аврупо, ки қарор аст, 5-6 марти соли равон дар шаҳри Вйентиян баргузор гардад, ёдовар шуд ва ба иштироки фаъолонаи ҷониби Тоҷикистон дар он ҳамойиш изҳори умед кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.