Дархости СММ аз Украина ҷиҳати роҳ надодан ба истирдоди Абдуллоҷонов

Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон аз ҳукуматдорони Украина дархост намудааст, ки ҳимояи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мақоми гурезаро соҳиб аст, таъмин карда шавад. Бино ба иттилои хабаргузории Росбалт, дар СММ изҳори умедворӣ кардаанд, ки Украина дархости Тоҷикистон оид ба истирдоди Абдуллоҷоновро қонеъ намекунад. Дар иттилоъ таъкид мегардад, ки […]

ASIA-Plus


Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон аз ҳукуматдорони Украина дархост намудааст, ки ҳимояи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мақоми гурезаро соҳиб аст, таъмин карда шавад.

Бино ба иттилои хабаргузории Росбалт, дар СММ изҳори умедворӣ кардаанд, ки Украина дархости Тоҷикистон оид ба истирдоди Абдуллоҷоновро қонеъ намекунад. Дар иттилоъ таъкид мегардад, ки мувофиқи қонунгузории байнулмилалӣ ва Украина, мақоми гуреза хусусияти байнулмилалӣ дорад.

«Яъне агар давлат шахсро ҳамчун гуреза эътироф намояд, пас кишварҳои дигар низ бояд ба ин эътирофи мақом эҳтиром гузошта, ҳимояи боэътимодро таъмин созанд», – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар намояндагӣ зикр карданд, ки ин ҳимоя бояд огаҳии зӯран баргардонидан ба ватанро, ки дар он ҷо ба таъқиб гирифтор шудани ӯ муайян карда шудааст, дар бар гирад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ

дархост ирсол намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.