Тақдими нусхаҳои нигораҳои Хазинаи Амударё ба Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро (лавҳаи чоркунҷаи тилоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тилоӣ барои сару либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тилоии гирдшакл барои сару либос (Circular gold costume-fitting), табақи тилоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро (лавҳаи чоркунҷаи тилоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тилоӣ барои сару либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тилоии гирдшакл барои сару либос (Circular gold costume-fitting), табақи тилоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, дар ҳузури кормандони ин осорхона ба сафири Тоҷикистон Эркин Қосимов супорид. 

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин нигораҳои мансуб ба таърихи қадимаи тоҷикон дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон ҷойи арзандаи худро пайдо мекунанд.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои барпо намудани робитаҳои корӣ байни Осорхонаи Британия ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, Сафир хоҳиш намуд, ки барои омӯзиш ва боло бардоштани донишу малакаи кормандони Осорхонаи Миллии кишварамон осорхонаи мазкур кумак намояд. Оид ба ин масъала кормандони осорхона изҳор намуданд, ки аз бунёди Осорхонаи Миллӣ дар Тоҷикистон хушҳол буда, омодаанд то ба он ҷиҳати ба таври лозима ба роҳ мондани фаъолияташ кумак расонанд.

Бояд зикр кард, ки Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ тайи чанд соли охир барои аз осорхонаи мазкур дастрас намудани нусхаи нигораҳои Хазинаи Амударё бо роҳбарият ва кормандони он дар тамоси доимӣ буд.

Хазинаи Амударё яке аз коллексияҳои арзишманд ва муҳими Осорхонаи Британия ба шумор рафта, дорои 180 нигораи нуқрагину тиллоии марбут ба давраи Ҳахоманишиҳо ва баъдӣ (асрҳои 6-2 пеш аз милод) мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.