Вохӯрии вазири меҳнати ҷумҳурӣ бо сокинони Рашт

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорати мазкур бо сафари корӣ озими водии Рашт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар ҳайати вазорат бо мақомоти раҳбарӣ ва воҳидҳои вазорат дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт мулоқот ороста, дар он масоили марбут ба […]

Аваз Юлдошев


Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорати мазкур бо сафари корӣ озими водии Рашт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар ҳайати вазорат бо мақомоти раҳбарӣ ва воҳидҳои вазорат дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт мулоқот ороста, дар он масоили марбут ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, пардохти саривақтии нафақа ва кӯмакпулиҳо ва ҷараёни ҷамъоварии андозҳои иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар бинои ҳукумати ноҳияи Рашт М.Маҳмадаминов шаҳрвандони минтақаро ба ҳузур пазируфта, кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки мувофиқи салоҳияти вазорат ва имконоти ҳалли масъала дар маҳал ба мушкилоти мавҷудаи онҳо ҳарчи зудтар расидагӣ кунад.

Қобили зикр аст, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар моҳи феврал низ ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Хуҷанд сафар карда, шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.