Тендери такрорӣ барои беҳбуди ҳолати техникии ТВ «Пойтахт»

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои беҳбуди вазъи техникии шабакаи телевизионии «Пойтахт» ва дубора бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани он тендери такрорӣ эълон намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ТВ «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор иттилоъ дод, дар робита ба дар тендери гузашта иштирок доштани на корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти зарурӣ, балки танҳо ширкатҳои миёнарав, мақомоти шаҳрдорӣ барои харидан ва […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои беҳбуди вазъи техникии шабакаи телевизионии «Пойтахт» ва дубора бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани он тендери такрорӣ эълон намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ТВ «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор иттилоъ дод, дар робита ба дар тендери гузашта иштирок доштани на корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти зарурӣ, балки танҳо ширкатҳои миёнарав, мақомоти шаҳрдорӣ барои харидан ва насби фиристандаи нави мавҷ (передатчик) барои ТВ «Пойтахт» тендери такрорӣ эълон кардааст.

«Харидорӣ ва насби фиристандаи нави мавҷ ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА қадами нахустини ТВ «Пойтахт» баҳри гузаштан ба пахши рақамӣ аст», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, айни замон мавҷҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро фаро гирифта, ҳудуди 2 млн. нафар тамошобинони шабакаанд.

Директори шабакаи телевизионӣ ҳамчунин изҳор намуд, ки пахши барномаҳои шабакаи ТВ «Пойтахт», ки аз субҳи рӯзи 24-уми феврал қатъ гардида буд, то ҳанӯз барқарор нашудааст. «Сарфи назар аз ҳафтаи гузашта аз Украина овардани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ба фиристандаи мавҷ, корхонаи «Телерадиоком»-и Кумитаи радио ва телевизион бо баҳонаҳои гуногун ҳамарӯза насби онро мавқуф мегузорад ва анҷоми ин хараҷу мараҷи бюрократӣ маълум нест», – зикр кард А.Абдуқаҳҳор.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 24-уми феврал пахши барномахои шабакаи телевизони «Пойтахт» қатъ гардида буд.

Аксарият қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизиониро ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равон рабт доданд, вале чанде қабл А.Абдуқаҳҳор ин андешаҳоро рад кард.

«Мо шабакаи мухолифи давлат набуда, шабакаи давлатии телевизионӣ мебошем. Ретсланятори мо воқеъан ҳам хеле кӯҳна аст. Ҳар кадоме аз шабакаҳо ретранслятори амалкунанда ва захиравӣ дорад, вале директори қаблӣ дар ин хусус бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, маълум шуд, ки  пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар кори ин шабака бори аввал набудааст. Гузашта аз ин, ретрансляторҳои ба ин монанд дигар истеҳсол намешаванд ва мо аз украиниҳо дархост намудем, ки ба ин навъи таҷҳизоти мо қисмҳои эҳтиётӣ дарёфт кунанд, ки хушбахтона, онҳо дархости моро ба иҷро расониданд», – гуфта буд вай.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.