Мулоқоти сафири Озарбойҷон бо раиси Суди олии ҶТ

Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо раиси суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши истеҳсолоти судӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни мақомоти дахлдори кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафири Озарбойҷон муҳим […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо раиси суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши истеҳсолоти судӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни мақомоти дахлдори кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафири Озарбойҷон муҳим будани рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни мақомоти судии ҳарду ҷонибро таъкид намуд.

«Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар Озарбойҷон баҳри ба сатҳи баланд бардоштани фаъолияти низоми ҳокимияти судӣ ислоҳоти зиёде амалӣ шуданд ва табиист, ки дар Тоҷикистон низ барои табодули мутақобила таҷрибаи зиёд дар ин бахш андӯхта шудааст», – зикр кард сафир.

Дар анҷоми вохӯрӣ сафир Нусратулло Абдуллоевро ба сафар ба Озарбойҷон дар вақти барояш мусоид даъват кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.