Пулиси Сургут мусулмононро ба ришгирӣ маҷбур кард

Як гурӯҳи мусулмонон кормандони пулиси шаҳри Сургути Русияро ба ҳамла ба мизоҷони чойхонаи «Ҳалол» гунаҳкор карданд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «СургутИнформТВ», ҷабрдидагон изҳор доштаанд, ки шоми 3-юми март ба чойхонаи воқеъ дар назди масҷид кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси пулис бо ниқоб ва автоматҳо ворид шуда, тақрибан 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистону Озарбойҷонро, […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи мусулмонон кормандони пулиси шаҳри Сургути Русияро ба ҳамла ба мизоҷони чойхонаи «Ҳалол» гунаҳкор карданд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «СургутИнформТВ», ҷабрдидагон изҳор доштаанд, ки шоми 3-юми март ба чойхонаи воқеъ дар назди масҷид кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси пулис бо ниқоб ва автоматҳо ворид шуда, тақрибан 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистону Озарбойҷонро, ки он замон дар чойхона қарор доштаанд, ба фарш хобонида, мавриди кофтуков ва сипас маҷбур сохтаанд, ки ришҳояшонро қайчӣ зананд.

«Ба ман шарт гузоштанд, ки агар худат ришҳоятро қайчӣ назанӣ мо онро бо оташафрӯзак (зажигалка) оташ мезанем», – гуфтааст яке аз ҷабрдидагон.

Ба қавли ҷабрдидагон, пас аз ин ҳодиса онҳоро ба шуъбаи пулис оварда, танҳо субҳи 4-уми март ба хонаҳояшон рухсатӣ додаанд.

Алҳол аз ҷониби маҳз кадом воҳиди пулис баргузор кардани ин амалиёт мушаххас нест ва шабакаи телевизионии «СургутИнформТВ» ба ВКД оид ба шарҳи ин қазия дархост фиристода, вале то ҳанӯз посухе дастрас накардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Автономияи миллии тоҷикони шаҳри Сургут Файзулло Аминов дар ин робита гуфтааст, барои ин ҳодиса сардори пулиси шаҳр аллакай аз ӯ маъзарат хостааст.

Ба хабаргузории Интерфакс доир ба ин ҳодиса аз мақомоти пулис иттилоъ додаанд, ки сабаби ба чойхона сафарбар шудани кормандони пулис хабари расида дар бораи муноқиша будааст. ВКД дар мавриди ҳодисаи мазкур санҷиши дохилӣ доир карданӣ будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.