Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни Наврӯзи Ашқобод

Чанде қабл миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд. Дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, диққати хосса зоҳир гардида, президенти Туркманистон бо хушнудӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ ба кишвараш даъват кард.

Сарварони давлатҳо муътақид буданд, ки вохӯриҳои дар доираи ҷашн доиршаванда ва гуфтушунидҳо имкон медиҳанд, то роҳҳои ҳалли масоили зиёде барои манфиати мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дар маҷмуъ барои минтақа баррасӣ ва муайян шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.