Нимаи дуюми рӯзи 13-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер форуми соҳибкорони ду кишвар доир гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар форум сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳоло беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия шуда, ба шарикони рушд ва дигар хоҳишмандон пешниҳод гардидааст ва аксари ин лоиҳаҳо ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, зербинои нақлиётию ҷаҳонгардӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Австрияро ба густариши робитаҳо даъват намуда, таъкид дошт, ки «ҳангоми таҳияи нақшаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бояд талаботи рӯзафзуни бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаи мо ба инобат гирифта шавад».
Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер низ Тоҷикистонро кишвари дорои имконоти беандозаи рушди иқтисод ва тиҷорат номида, соҳибкорони кишвари худро ба тавсиаи ҳамкорӣ бо он ташвиқ намуд.
Дар фароварди ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар боз 2 санади ҳамкорӣ – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД Тоҷикаэронавигатсия ва ширкати австриягии FrequentisAG ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ширкати австриягии ASKINDCo дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.



