Натиҷагирӣ аз озмуни «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 28, 29 ва 30-юми марти соли равон дар маҷмааи давлатии«Кохи Борбад» дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон бо ширкати ҳудуди 30 корхонаи тавлидкунандаи маводи хӯрока Намоишгоҳ- фурӯши маҳсулоти хӯрока гузаронида мешавад. Тавре аз ҶДММ «Оила» хабар доданд, дар Намоишгоҳ ташрифовардагон метавонанд маззаи  маҳсулоти иштирокчиёнро дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол»  бисанҷанд ва […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 28, 29 ва 30-юми марти соли равон дар маҷмааи давлатии«Кохи Борбад» дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон бо ширкати ҳудуди 30 корхонаи тавлидкунандаи маводи хӯрока Намоишгоҳ- фурӯши маҳсулоти хӯрока гузаронида мешавад.

Тавре аз ҶДММ «Оила» хабар доданд, дар Намоишгоҳ ташрифовардагон метавонанд маззаи  маҳсулоти иштирокчиёнро дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол»  бисанҷанд ва ҳамзамон   бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ кунанд.  Маросими кушодашавии Намоишгоҳро роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, масъули татбиқи лоиҳа ҶДММ «Оила»  ва дигар намояндаи ширкату корхонаҳои ҷумҳурӣ бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Ҷои зикр аст, ки бори аввал беш аз 10 корхонаи тавлидоти маводи хӯрока аз вилояти Суғд дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории лоиҳа дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ, муаррафӣ кардани маҳсулоти онҳо, тарғиби брендҳои ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила  мусоидат ба рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистон мебошад.

Нашрияҳои «Рекламная газета», «Оила» оҷонсии рекламавии «Тайрон» дар симои ҶДММ «Оила» соли дуввум аст, ки лоиҳаи мазкурро мавриди татбиқ қарор медиҳанд.

Имсол   лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Озмун 1 октябри соли 2012 оғоз  ва  дар арафаи Ҷашни Наврӯз ҷамъбаст гардид. Ғолибон аз рӯи номгӯйҳо ба бахшҳо тақсим шуда, баҳодиҳӣ ба маҳсулоти онҳо аз рӯи се нишондод –   маззасанҷӣ, ки дар Марказҳои савдои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардида, дар онҳо муштариён назари худро нисбати маҳсулоти хӯрока баён намуданд,  баҳодиҳии мутахассисон ва баҳодиҳӣ аз тариқи рӯзномаҳо ва мактубҳои истеъмолкунандагон сурат гирифт.

Ғолибон санаи 30 марти соли 2013 дар меҳмонхонаи «Хаят Риҷенси Душанбе» дар фазои тантанавӣ ва идона бо Ҷоиза ва Диплом мукофотонида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.