Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 5-уми апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Тошканд Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ё муовини аввали ӯ намояндагӣ хоҳанд кард. Бино ба маълумоти департаменти иттилоотиву таҳлилии […]

ASIA-Plus


Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 5-уми апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Тошканд Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ё муовини аввали ӯ намояндагӣ хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 10 лоиҳаи аснод оид ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуманитариву таъмини амният ва дигар самтҳо дар назар аст. Лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати байнулмилалӣ табодули афокр сурат гирифта, як қатор ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва қабули Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2013 баррасӣ мешаванд.

Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.