Дар ҳудуди 55 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд

Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то имрӯз дар майдони ҳудуди 55 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд, ки беш аз 27% аз нақшаи пешбинишуда (200 ҳазор гектар)-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, нахуст дар вилояти Хатлон кишти пунбадонаро шурӯъ намуда, то имрӯз дар 52,3 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то имрӯз дар майдони ҳудуди 55 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд, ки беш аз 27% аз нақшаи пешбинишуда (200 ҳазор гектар)-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, нахуст дар вилояти Хатлон кишти пунбадонаро шурӯъ намуда, то имрӯз дар 52,3 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, ки ба 40%-и нақша баробар аст.

Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 51,2 ҳазори барои кишти пунбадона дар соли равон пешбинишуда дар ҳудуди 2 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз нақшаи умумии 7,6 ҳазор гектар алҳол ҳамагӣ дар 100 гектар пунбадона кишт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.