Аризаи А.Раҳмоновро ҳоло ҳам баррасӣ доранд

Дар шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким идома дорад. «ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии аризаи мазкурро ҳоло ба итмом нарасонидааст», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши ШКД Умар Муҳриддинов, ки ба баррасии ин қазия […]

ASIA-Plus


Дар шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким идома дорад.

«ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии аризаи мазкурро ҳоло ба итмом нарасонидааст», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши ШКД Умар Муҳриддинов, ки ба баррасии ин қазия машғул аст.

Ба қавли ҳуқуқшиноси ҳафтавор Шуҳрат Қудратов, мутобиқи қонунгузорӣ, қарор оид ба аризаи мазкур бояд дар муддати аз 3 то 10 рӯз аз замони пешниҳоди он содир гардад.

«То имрӯз аз Абдуҷаббор Раҳмонов, дигар кормандони донишгоҳ ва рӯзноманигор М.Ҳоким баёнот гирифта шуда, дар робита ба муайян кардани шахсият ва фаъолияти кории журналист як қатор ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шудаанд», – иброз дошт Ш.Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 1-уми апрели соли равон ректори ДДОТ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ариза пешниҳод намуда, аз кормандони милиса дархост кард, ки нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҳоким «барои амалҳои нодуруст ва ғайриқонунии журналист» чора андешанд.

Ба эътиқоди А.Раҳмонов,  журналист бидуни розигии ӯ ба аксбардорӣ ва суҳбат бо донишҷӯён ҳуқуқ надорад.

Тафсилоти қазияро дар шумораи нави ҳафтавор, ки пагоҳ, 4-уми апрел ба нашр мерасад, мутолиа намоед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.