Миннатдории М.Алимардон ба раиси Бонки авруосиёии рушд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ба унвони раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Игор Финогенов як паёме ирсол намуда, дар он ба ӯ «барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густаришу таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки авруосиёии рушд» изҳори миннатдорӣ намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти бонк, дар паём ба Финогенов барои саҳми шахсӣ ва мусоидат ба баргузории муваффақонаи […]

ASIA-Plus


Муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ба унвони раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Игор Финогенов як паёме ирсол намуда, дар он ба ӯ «барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густаришу таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки авруосиёии рушд» изҳори миннатдорӣ намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти бонк, дар паём ба Финогенов барои саҳми шахсӣ ва мусоидат ба баргузории муваффақонаи мизи гирд оид ба ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ миёни ҷонибҳо санаи 12-уми феврали соли равон изҳори миннатдорӣ шудааст.

«Вохӯрии шумо дар доираи мизи гирд бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як гувоҳи манфиатдории Тоҷикистон ба таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба аст», – зикр мегардад дар паём.

Дар идомаи нома М.Алимардон омодагии Тоҷикистонро «ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо мақсади ҳарчи бештар фаъолона амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ» изҳор доштааст.

Бонки авруосиёии рушд соли 2006 аз ҷониби Русияву Қазоқистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии кишварҳои узв, рушди устувори иқтисодии онҳо ва тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон аъзои он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.