Чин дар Тоҷикистон корхонаи нассоҷӣ бунёд карданист


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо роҳбари корхонаи нассоҷии ҶСК “Тянхуй”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла сохтмони корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили корхонаи нассоҷӣ дар заминаи корхонаҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ширкати нассоҷии Тсинҷоуии ҶСК “Тянхуй”, ки дар шаҳри Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар он истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун аз матои пахтагин, матои пахтаи сунъӣ ва калобаи пахтагин ба роҳ монда шудааст.

Маҳсулоти ин корхона сифати баланд дошта, дар Чин ва шарқу ғарби Осиёи Миёна машҳур мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли матоъ ва калоба дар соли 2012 2500 тонна ва 8 млн. метрро ташкил кардааст. Солҳои охир ширкат барои ҳамкорӣ бо корхонаҳои нассоҷии давлатҳои хориҷӣ омода мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное