Чин дар Тоҷикистон корхонаи нассоҷӣ бунёд карданист

Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо роҳбари корхонаи нассоҷии ҶСК “Тянхуй”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Бино ба иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла сохтмони корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили корхонаи […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо роҳбари корхонаи нассоҷии ҶСК “Тянхуй”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла сохтмони корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили корхонаи нассоҷӣ дар заминаи корхонаҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ширкати нассоҷии Тсинҷоуии ҶСК “Тянхуй”, ки дар шаҳри Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар он истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун аз матои пахтагин, матои пахтаи сунъӣ ва калобаи пахтагин ба роҳ монда шудааст.

Маҳсулоти ин корхона сифати баланд дошта, дар Чин ва шарқу ғарби Осиёи Миёна машҳур мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли матоъ ва калоба дар соли 2012 2500 тонна ва 8 млн. метрро ташкил кардааст. Солҳои охир ширкат барои ҳамкорӣ бо корхонаҳои нассоҷии давлатҳои хориҷӣ омода мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.