Таваҷҷуҳи чиниҳо ба содироти дарахтони мевадор аз Тоҷикистон

Дар мулоқоти намояндагони вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо мутахассиони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъалаҳои лизинги техникаи кишоварзӣ, амалисозии лоиҳаҳо дар ин бахш ва воридоту содироти маҳсулоти кишварзӣ баррасӣ шуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин имкони содироти дарахтони мевадоре чун лимӯву гелос аз Тоҷикистон ба Чин матраҳ гардида, мутахассисони ҳарду […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти намояндагони вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо мутахассиони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъалаҳои лизинги техникаи кишоварзӣ, амалисозии лоиҳаҳо дар ин бахш ва воридоту содироти маҳсулоти кишварзӣ баррасӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин имкони содироти дарахтони мевадоре чун лимӯву гелос аз Тоҷикистон ба Чин матраҳ гардида, мутахассисони ҳарду ҷониб оид ба технология, маводи бандубаст ва майдони кишту дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн як қатор пешниҳоду тавсияҳо ироа доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид аз ноҳияи Рӯдакӣ меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти гармхонаи хоҷагии «Содиқ-Сиддиқ» оид ба парвариши сабзавоти барвақтӣ ва ширкати «Геха-Фуд» оид ба парвариш ва коркарди афшурдаи помидор шинос шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.