Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд

Date:

 



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик – донишҷӯи Донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯза Ғаниева донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд.





           

Аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо дар озмуни чанде қабл эълонннамудаи сафорат дар ин мавзӯъ ғолиб дониста шудаанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳудуди 30 нафар ширкат варзида, ба 15 суоли пешниҳодшуда дар мавзӯи таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин назари худро иброз доштаанд. Ҳамчунин довталабон дар мавзӯи «Нақши ман дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Чин» иншои начандон бузурге низ навиштанд.



Зикр гардид, ки сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дар ҳузури донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Чин таҳсил мекунанд, ба Манижа Сайфуллоев тӯҳфаи арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тӯҳфаи Фирӯза Ғаниева ба Тоҷикистон фиристода шуд.



Қобили зикр аст, ки дар давоми 15 сол шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин 12 маротиба афзудааст ва ин гувоҳи густариши ҳамаҷонибаи муносиботи кишварҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...