Дар Душанбе китоби «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе китоби доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид. Имрӯз он дар ҷараёни баргузории конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир», ки ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад, муаррифӣ […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе китоби доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид.




Имрӯз он дар ҷараёни баргузории конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир», ки ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад, муаррифӣ карда шуд.



Дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд. Имрӯз дар конфронс дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии баҳамойии мазҳабҳои исломӣ Оятулло Муҳаммад Алӣ Тасхирӣ маърӯза кард.



Қобили зикр аст, ки конфронс бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.




 



 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.