Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Италия Ҷорҷо Наполитано ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ рушду густариш пайдо намуда, ба манзури таҳкими дӯстии мардуми ҳарду кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.
«Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиву муваффақият, ба мардуми Италия – шукуфоӣ ва рифоҳ таманно дорам», – баён мегардад дар барқия.





