Посухи Зуҳуров ба ҳамтои ӯзбеки худ оид ба масъалаи «Талко»

Раиси палати поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ба ҳамтои ӯзбеки худ хонум Дилором Тошмуҳаммедова дар робита ба изҳороти ӯ нисбати масъалаи вазъи КВД «Талко» посух гуфт. Дар посух Зуҳуров таъкид мекунад, ки вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, хотири вакилони парлумони Тоҷикистонро низ мушавваш сохтааст, аз ҷумла, чораҳо оид ба таъмини […]

ASIA-Plus


Раиси палати поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ба ҳамтои ӯзбеки худ хонум Дилором Тошмуҳаммедова дар робита ба изҳороти ӯ нисбати масъалаи вазъи КВД «Талко» посух гуфт.

Дар посух Зуҳуров таъкид мекунад, ки вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, хотири вакилони парлумони Тоҷикистонро низ мушавваш сохтааст, аз ҷумла, чораҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ дар мавзеъи КВД «Талко» зери назорати доимии вакилон қарор дорад.

«Аз ин сабаб, далелҳо ва рақамҳои дар ҳуҷҷатҳои зикргардида қайдшуда саволҳои мантиқиро оид ба усули ҳисоб ва дараҷаи саҳеҳнокии онҳо ба вуҷуд меоваранд. Чӣ тавре ки маълум аст, арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии таҳҷоӣ, низоми экологии минтақа, мушоҳидаҳои бисёрсола бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад, – зикр мегардад дар номаи ҷавобӣ. – Дар пайдоиши ин ё он касалӣ ва бад шудани вазъи саломатӣ дар ин ё он мавзеъ инчунин омилҳои дигар ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ғизо, истифодаи зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағъирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра таъсир мерасонанд».

Гуфта мешавад, Тоҷикистон низ дар навбати худ метавонад далелҳои илман асоснок ва исботшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон пешниҳод намояд.

«Корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд. Коршиносон зарари расонидаи онҳоро то ба садҳо миллион доллари ИМА ҳисоб кардаанд. Вале муҳимтар аз ҳама зарари расонида ба саломатии аҳолӣ аст, ки дар ин ҳудуд зери таъсири ин омилҳо зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагӣ мекунанд», – омадааст дар нома.

Зикр мегардад, ки «бо баёни иддаои (даъвои) тарафайн масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ба анъанаҳои неки қадимаи халқҳоямон такя карда таклиф дорем, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ паси мизи гуфтушунид ба роҳ монем. Дар ин ҷода, мо таҷрибаи кофии кор ва ҳалли шартномаҳои байнидавлатӣ оид ба масоили наздисарҳадӣ дорем».

«Мо метавонем ингуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парламентҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳарду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналхалқӣ таъсис диҳем. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо дидгоҳи ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рўи кор оранд», – баён мегардад дар посух.

Дар идома изхори итминон карда мешавад, ки ин тарзи кор ба ҳукуматҳо имконият медиҳад, ки ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодӣ ва дигар механизмҳоро баҳри беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон оқилона истифода намоянд ва фақат тариқи чунин чораҳои муштарак ҷонибҳо метавонанд ба боварии тарафайн ва муҳимтар аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ, таъмини ҳимояи экологӣ, иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аҳолии кишварҳои хеш ва дар маҷмӯъ минтақа бирасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.