Таҷрибаандӯзии кормандони шаҳрдории пойтахт дар Русия

Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт пайваста тадбирҳои муассир андешида, бо истифода аз робитаҳои ҷойдошта ва узвият дар Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, муттасил ҷиҳати такомули таҷрибаи мутахассисон тадбирҳо роҳандозӣ мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо ин мақсад як ҳайати мақомоти шаҳрдорӣ […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт пайваста тадбирҳои муассир андешида, бо истифода аз робитаҳои ҷойдошта ва узвият дар Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, муттасил ҷиҳати такомули таҷрибаи мутахассисон тадбирҳо роҳандозӣ мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо ин мақсад як ҳайати мақомоти шаҳрдорӣ аз 11 то 23-юми июни ҷиҳати таҷрибаандӯзӣ дар ин самт ба шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Минск ва Маскав сафарбар гардида, бо таҷрибаи пешқадамаи сабзу хуррамгардонӣ ва меъмории муосири шаҳрсозӣ аз наздик ошно мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати мазкур Юсупов Баҳром – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Файзуллоев Қудратулло – сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукмати пойтахт, Холов Абдусаттор – сардори Сарраёсати кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Давлатова Гулбаҳор – сардори шуъбаи шаҳрсозии ҶСК «Шаҳрофар» шомиланд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.