Арабистони Саудӣ шумори квотаҳоро кам мекунад

Эҳтимол меравад, ки шумори квотаҳо ба зиёрати Хонаи Каъба ба Арабистони Саъудӣ то 20% кам карда шаванд. Бино ба иттилои islam-today, ин тасмим баҳри он гирифта мешавад, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ хис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои […]

ASIA-Plus


Эҳтимол меравад, ки шумори квотаҳо ба зиёрати Хонаи Каъба ба Арабистони Саъудӣ то 20% кам карда шаванд.

Бино ба иттилои islam-today, ин тасмим баҳри он гирифта мешавад, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ хис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот ва Мино идома доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ дар ин робита хабар доданд, дар бораи идомаи корҳои навсозӣ дар Арабистони Саудӣ воқифанд, вале аз Шоҳигарӣ то ҳанӯз дар ин хусус мактуби расмӣ нагирифтаанд.

Ба қавли муовини раиси Кумитаи мазкур Мавлон Мухторов, чанд рӯз пеш аз Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ ба онҳо занг зада, огоҳ кардаанд, ки чунин қарор қабул шудааст, вале алҳол номаи расмӣ нарасидааст.

«Дар сурати ворид шудани чунин мактуб, аз 6 ҳазор зойирини қаблан барои маросими адои ҳаҷ аз Тоҷикистион интихобшуда танҳо 4,8 ҳазор нафарашон ба Арабистони Саъудӣ сафарбар мешаванд», – иброз дошт номббурда.

Ёдрас мекунем, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён бояд ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор шаванд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 20-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мегардад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.

Нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.