Бедарак шудани кӯдаки 5-сола дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе кӯдаки навбатӣ бедарак гум шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе 9-уми июн ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуҷабор Тошеви 36-сола муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷони 5-сола аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст. Зикр […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе кӯдаки навбатӣ бедарак гум шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе 9-уми июн ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуҷабор Тошеви 36-сола муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷони 5-сола аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва ҳамсӯҳбат шудан бо сокинони маҳаллӣ муайян карда шуд, ки марди ношинос ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷонро ба тарафи номаълум бурдааст. Барои ёфтани ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия тамоми чораҳо андешида шуда, ҷустуҷӯ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон низ каме дуртар аз маркази тиҷоратии «Саlбарг»-и пойтахт духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо низ бе ному нишон гум шуданд. То ҳанӯз аз ҷустуҷӯи онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.