Боздиди котиби генералии Интерпол аз ВКД

Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо, аз он ҷумла дар самти рабурдани воситаҳои нақлиёт ва ташхиси автомашинаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо, аз он ҷумла дар самти рабурдани воситаҳои нақлиёт ва ташхиси автомашинаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои дохилӣ меҳмонро хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, дар навбати худ Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз пазироии самимии Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Шумо мубодилаи иттилоот дар самти кофтукови ҷинояткорон пурзӯр гардида, ҳамоҳангсозӣ ва дар якҷоягӣ амал намудан натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки дар оянда барои пешбурди кор ба ҳамдигар муосидат менамоянд.

Дар хотимаи вохӯрии судманд тарафайн ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.