ВАО дар бораи тӯйи арӯсии духтари президент

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, Заррина Раҳмонова, духтари 19-солаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сиёвуш Зуҳуров, писари сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ издивоҷ кардааст. Бино ба иттилои CA-News, тӯйи арӯсӣ дар бӯстонсарои Пуғуси ноҳияи Варзоб, 40 километрии шимоли Душанбе рӯзи шанбеи гузашта баргузор шудааст. Дар маҷмӯъ маълумот дар бораи тӯйи духтари президент ва писари мансабдори […]

ASIA-Plus


Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, Заррина Раҳмонова, духтари 19-солаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сиёвуш Зуҳуров, писари сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ издивоҷ кардааст.

Бино ба иттилои CA-News, тӯйи арӯсӣ дар бӯстонсарои Пуғуси ноҳияи Варзоб, 40 километрии шимоли Душанбе рӯзи шанбеи гузашта баргузор шудааст.

Дар маҷмӯъ маълумот дар бораи тӯйи духтари президент ва писари мансабдори воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ алҳол дар сатҳи расмӣ тасдиқ намешавад. Ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар тамос шавад.

Заррина Раҳмонова дар коллеҷи Британияи Кабир таҳсили илм намуда, соли 2010 дар синни 16-солагӣ ба сифати ровии телевизион дар Шабакаи аввал бо забони англисӣ суханронӣ карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров донишҷӯи соли 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон оид ба бокс буда, дар чандин мусобиқоти байнулмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Модари Сиёвуш хеши ҳамсари президент аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.