Тӯли 10 соли наздик маҳсулоти кишоварзӣ қимат мешавад

Тӯли 10 соли наздик бар асари коҳиши суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, захоири табиӣ ва заминҳои мусоиди корам дар саросари сайёра, нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш ё баланд боқӣ мемонанд. Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита зикр мегардад, ки дар ин давра суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба […]

ASIA-Plus


Тӯли 10 соли наздик бар асари коҳиши суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, захоири табиӣ ва заминҳои мусоиди корам дар саросари сайёра, нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш ё баланд боқӣ мемонанд.

Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита зикр мегардад, ки дар ин давра суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 1,5%-ро ташкил хоҳад дод. Давоми солҳои аз 2003 то 2012 ин нишондиҳанда ба 2,1% дар як сол баробар буд.

«Нархҳои баланд омили афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ буда, моро зарур аст, ки тамоми кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем, то ки фермерони камбизоат аз афзоиши нарх бурд кунанд ва аз хотир набарорем, ки 70%-и аҳолии ҷаҳон, ки ба камбуди ғизо ниёзманданд, дар манотиқи деҳот зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо фермерони камбизоат мебошанд», – иброз доштааст директори генералии ФАО Жозе Гратсиану да Силва.

Дар гузориш ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари афзоиши аҳолӣ, болоравии даромад, ба шаҳрҳо майл кардани аксари аҳолӣ ва тағйир ёфтани таркиби ғизо, истеъмоли зироатҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ бештар дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Амриоки Лотинӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.