Шартномаи Тоҷикистон бо ширкатҳои Total SA ва CNPC

Рӯзи 18-уми июн дар Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои Total SA ва China National Petroleum Corporation (CNPC) дар бораи шомил гардидани ин ширкатҳо ба Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот созишнома ба имзо хоҳад расид. Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, сухан сари созишномаи баимзорасида дар соли 2008 миёни ҳукумати ҶТ ва ширкати Tethys Petroleum Limited […]

Заррина Эргашева


Рӯзи 18-уми июн дар Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои Total SA ва China National Petroleum Corporation (CNPC) дар бораи шомил гардидани ин ширкатҳо ба Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот созишнома ба имзо хоҳад расид.

Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, сухан сари созишномаи баимзорасида дар соли 2008 миёни ҳукумати ҶТ ва ширкати Tethys Petroleum Limited рафта, акнун ба ҳайати он боз ду ширкат ворид мешаванд, ки ахири соли 2012 ҳиссае аз саҳмияҳо дар Кӯлоб Petroleum, ширкати фаръии Tethys Petroleum-ро хариданд.

Баъди имзои созишнома ӯҳдадориҳои срмоягузории ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ дар майдонҳои ояндадори минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миёни се сармоягузори хориҷӣ тақсим карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкатҳои бузурги нафтугази ҷаҳон – Total-и Фаронса ва China National Petroleum Corporation (CNPC) (Ширкати миллии нафти Чиг) ахири соли 2012 дар бораи имзои созишнома бо ширкати Кӯлоб Petroleum, ширкати фаръии  ширкати фаръии Tethys Petroleum эълом карданд. Созишнома дар бораи харидани ҳисса (33% ҳиссаи ҳар кадоме аз ширкатҳо) дар қарордод оид ба тақсими маҳсулот дар майдонҳои нафтугаздори воқеъ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон аст.

Ахири моҳи июли соли гузашта мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Айни замон ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба корҳои иктишоф ва коркарди конҳои нафту газ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машғул аст. Дар Тоҷикистон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои Бохтар, Бештентияк, Узнохор, Пушиёни ҷанубӣ ва Хоҷа Сартез анҷом дода мешаванд.

Аввали моҳи феврали соли равон ширкати фаронсавии

Total SA

изҳор намуда буд, ки ба истихроҷи газ дар Тоҷикистон машғул шуда, минбаъд онро ба Чин содирот карданист. Ахири моҳи июли гузашта бошад,дар иттилоияи ширкати

«Тетис Петролеум Лимитед»

зикр гардид, ки ширкат дар бораи захоири дороиҳои худ дар Тоҷикистон Гузориши нави мустақил дастрас намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.