Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумӯи онҳо пайваста талош меварзад.

«Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ низ рушду густариши тоза пайдо намуда, дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.