Кабирӣ: Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон стратегӣ боқӣ мемонанд

Сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон иваз шуда метавонанд, вале муносибатҳо миёни мардум ва давлатҳои дарвоқеъ ҳам дӯсту бародар стратегӣ боқӣ монда, минбаъд низ рушд хоҳанд кард, зеро ин мардумро робитаҳои ҳазорсолаи таъриху фарҳанг, забону дин ва адабиёту фарҳанг бо ҳам мепайвандад. Ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили палатаи поёнии парлумон чунин ибрози андеша […]

Аваз Юлдошев


Сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон иваз шуда метавонанд, вале муносибатҳо миёни мардум ва давлатҳои дарвоқеъ ҳам дӯсту бародар стратегӣ боқӣ монда, минбаъд низ рушд хоҳанд кард, зеро ин мардумро робитаҳои ҳазорсолаи таъриху фарҳанг, забону дин ва адабиёту фарҳанг бо ҳам мепайвандад. Ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили палатаи поёнии парлумон чунин ибрози андеша намуд.

Ба андешаи ӯ, дар замони салатанати президенти тозаинтихоби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва тими ӯ низ муносибатҳои ду кишвар беғубор боқӣ монда, дар тамоми бахшҳо густариш меёбанд.

«Ҳасан Рӯҳонӣ дар барномаи худ ба мардум ваъда дод, ки самти сиёсати хориҷии Эрон бо кишварҳои хориҷиро ба куллӣ дигаргун хоҳад кард ва ин пеш аз ҳама, ба кишварҳои Ғарб бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар муносибатҳои Эрон бо давлатҳои Шарқ як каме сустӣ ба назар мерасад», – чунин мешуморад сиёсатмадор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.