Ҳалокати як мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав

Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо ба майдони ҳавоии Внуковои пойтахтти Русия ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз маводи мухаддири дохили меъдааш заҳролуд шудаааст. Ҳодиса соати 8-и субҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба хадамоти таъҷилии Маскав иттилоъ медиҳад, […]

ASIA-Plus


Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо ба майдони ҳавоии Внуковои пойтахтти Русия ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз маводи мухаддири дохили меъдааш заҳролуд шудаааст. Ҳодиса соати 8-и субҳ ба вуқӯъ пайвастааст.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба хадамоти таъҷилии Маскав иттилоъ медиҳад, ки зимни парвоз вазъи яке аз мусофирон бад шуда, то барои ба фурудгоҳи Маскав расидан вақти начандон зиёде монда буд ва тасмим гирифта мешавад, ки ҳавопайморо ба нуқтаи таъинот фуруд оварда, ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шавад, аммо қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо мусофир фавтидааст.

Нашрияи «Российская газета менависад, дар Вазорати корҳои дохилӣ нашъаҷаллоб будани фавтидаро аз эҳтимол дур намедонанд. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, марги мусофир яқинан бар асари кафидани яке аз контейнерҳои дорои маводи мухаддири дохили ҷисмаш рух додааст. Айни замон ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.