Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав ба Душанбе омад. Намоиши аввалини рангини сирк дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, сафари гурӯҳи ҳунармандони сирк ба Тоҷикистон то 14-уми июл идома ёфта, ба тамошобинони тоҷик онҳо барномаи рангини 2-соатаи иборат аз 11 саҳнаҳои ҳунариро пешкаш хоҳанд кард.
«Дар саҳнаҳои ҳунарӣ 29 нафар ҳунармандону 75 нафар ҳайвонҳои ромшуда, асосан ҳайвонҳои хонагӣ ва дар саҳнаҳои ҷудогона хирсҳои ҳимолойиву чанде аз навъҳои парандагон низ ҳунарнамойӣ мекунанд», – иброз дошт муовини директор.
Ба қавли ӯ, сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз саҳнаҳои рақси рӯйи ях бо велосипедҳо, табақҳои паранда, рақсҳо бо кабӯтарон ва дигар саҳнаҳои ҷолиб баҳра баранд.
«Бо назардошти ҷойи нишаст, арзиши билетҳо аз 20 то 50 сомониро ташкил дода, барнома ҳамарӯза, рӯзҳои корӣ – ду маротиба соатҳои 15 ва 19 ва рӯзҳои истроҳат – як маротиба соати 19-и шом намоиш дода мешавад», – афзуд номбурда.



