Кӯмаки Ҷопон дар беҳбуди низоми обёрии ноҳияи Ванҷ

Чанде қабл маросими ба итмом расидани «Лоиҳаи барқарорсозии каналҳои обёрӣ дар ноҳияи Ванҷ» баргузор гардид. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим Хироюки Имахашӣ сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Насир Кармали, директори иҷроияи Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони алоқаманд ба лоиҳаи мазкур аз тарафи ин ташкилот ва ҳукумати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл маросими ба итмом расидани «Лоиҳаи барқарорсозии каналҳои обёрӣ дар ноҳияи Ванҷ» баргузор гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим Хироюки Имахашӣ сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Насир Кармали, директори иҷроияи Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони алоқаманд ба лоиҳаи мазкур аз тарафи ин ташкилот ва ҳукумати маҳалӣ иштирок варзиданд.

«Лоиҳаи мазкур аз тарафи ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 105,186 доллари ИМА дастгирӣ ёфта, таҳти роҳбарии ФОКУС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли мардуми маҳалӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳалӣ амалӣ гардид», – қайд мегардад дар иттилоияи сафорат.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки зилзилаи шадиди моҳи январи соли 2010 ба каналҳои обёрӣ дар ноҳияи Ванҷ зарари ҷиддӣ ворид сохт, ки дар натиҷа онҳо бо харсангу лой пур гаштанд. Лиҳозо бархе аз каналҳо аз кор монда, боқӣ бо иқтидори нопурра истифода мегаштанд, ки дар ниҳояти кор ҳосилнокии заминҳои хоҷагии қишлоқи мардуми ин мавзеъ рӯ ба пастшавӣ овард. Чунин харобӣ боиси ихроҷи барзиёди об ва хавфи бодлес гаштани заминҳои корамро зиёд гардонид. Тавассути лоиҳаи мазкур, каналҳои обёрӣ дар ҳафт мавзеъи ноҳияи Ванҷ барқарор гашта, айни замон таҳти назорати доимии аҳолии маҳаллӣ қарор доранд.

«Ҳадафи лоиҳаи мазкур барқарор намудани ҳосилнокии заминҳо тавассути таъмир намудани ҳафт каналҳои обёрӣ мебошад. Барқарорсозии каналҳо бо усули гидроизолятсия ва мустаҳкамсозии сементӣ амалӣ гашта, масрафи обро комилан коҳиш дод. Боварии комил ҳаст, ки ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа зиёд шуда, ба беҳтар шудани даромади молиявии зиёда аз 5 ҳазор  бошандагони ноҳияи Ванҷ мусоидат мекунад.», – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ин лоиҳа, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гардида, ширкати фаъоли мардуми маҳаллиро барои таъмини мустаҳками рушди лоиҳа таҳким мебахшад, чун лоиҳаи мазкур тибқи ниёзу афзалият ва роҳнамоии худи аҳолии маҳалӣ тарҳрезӣ шуда, амалӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $ 23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.